Чӣ тавре, ки расонаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ хабар доданд, дар таърихи 19 майи соли 2026, бо шарофати ташаббуси бесобиқа ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қисме аз хокистари марқади шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ ва фарзандони фидокори халқи тоҷик - Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба ватан интиқол гардид. Маросими дафн дар қабристони Лучоби шаҳри Душанбе, мувофиқи анъанаҳои муқаддаси миллӣ ва бо ироаи як эҳтироми хос баргузор шуд.
Ин рӯйдодро ҷомеаи кишвар хуш истиқбол карда, то ҳадди тавоноӣ дар ин маросим ва дар ташаббусҳое марбут ба зиёрати марқади ин шахсиятҳои барҷаста иштирок варзиданд. Аз ҷумла, ҳайати роҳбарӣ, қисмате аз омӯзгорону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ба оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ташриф оварда, арзи эҳтироми хешро ба хотири гиромидошти ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат баён карданд.
Лозим ба зикр аст, ки арҷ гузоштан ба хидмату ҷоннисориҳои чунин шахсиятҳое, ба мисли Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад василаест дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдории тоҷикон, ки барои анҷоми он даре дигар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз гардида, роҳи наверо баҳри тарбияи маънавии ҷомеа, махсусан ҷавонон, муҳайё намуд.
Бо ин вуҷуд, дар ҷомеа шояд ҳарфҳои зиддунақиз ҳам садо диҳанд, ки онҳо аз кундфаҳмии афроди нодон шаҳодат медиҳад. Дар қиболи чунин ҳарфҳои зиддунақиз мехоҳем ин нуктаро баён кунем, ки интиқоли ҷасади як шахсияти бузурги миллӣ аз сарзамини бегона ба ватан ин як рӯйдоди рамзӣ ва таърихӣ аст. Чунин рӯйдод эҳсоси мансубият, ҳувият ва пайванди шикастнопазири байни қаҳрамонон ва ватани онҳоро нишон медиҳад. Он, одатан ба як рӯйдоди муттаҳидкунандаи миллӣ ва таърихӣ табдил меёбад.
Чӣ тавре, ки аз саҳифоти таърих бароямон ошкор аст, бисёре аз бузургон, шоирон ва сиёсатмадорон дар осори худ хоҳиши худро барои дафн кардан дар ватан пас аз марг баён кардаанд. Баргардонидани тобути онҳо эҳтиром ба ин хоҳиши самимӣ аст. Истиқболи тобути шахсиятҳои машҳур ҷомеаро дар атрофи арзишҳо, таърих ва фарҳанги муштараки ватани худ муттаҳид мекунад. Ин чорабинӣ имкониятест барои нав кардани паймон бо ормонҳои он шахс. Бозгашти тобути чунин афрод боиси эҷоди ёдгориву марказҳои фарҳангӣ мегардад, ки бевосита ба марказҳои нави сайёҳии фарҳангӣ ва ҳифзи мероси маънавии кишвар табдил меёбанд.
Иштироки мустақими Роҳбари давлат дар ин маросими таърихӣ ва маънавӣ нишонаи равшани эҳтироми баланди давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърих ва фарҳанги миллӣ, озодӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ, инчунин ба хидматҳои фарзандони фидокори ватан аст. Дар ин лаҳзаҳои пурэҳсоси таърихӣ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи асосгузорони давлатдории муосири тоҷикон ба ҳисоб мераванд ва дар ҳифзи миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайян кардани марзҳои маъмурӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бебаҳо гузоштаанд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин зимни маросими гусели тобути ин шахсиятҳои бузург дар шаҳри Маскав таъкид кард, ки Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум ва Нисор Муҳаммад дар ҳамон оғози давраи таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон, дар давраи тағйироти ноором, ба эҳёи миллии мардуми тоҷик саҳм гузоштанд.
Ҳоло, ки дар таърихи навини тоҷикон саҳфаи наве боз гардид, аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик ҳамеша хотираи шахсиятҳои бузургу қаҳрамонони худро фаромӯш нахоҳад кард ва пос хоҳад дошт.
Ёров Ҷамшед Нуруллоевич,
Мардонзода Ҷобир
кормандони Институти илмию
таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
|
📅 22.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
|