Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИВУ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР МАРҲИЛАИ МУОСИР

Мавриди зикр аст, ки 11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд. Чин бузургтарин ҳамсоякишвари Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ду кишвари ҳамсоя муносибатҳои хуби дипломатиро аз руйи принсипҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ, шарикӣ ва бародарӣ ба роҳ мондаанд. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор гардиданд, ки аз ин сана 32-сол сипарӣ гардид. Дар ин замина ҳарду кишвар ҳамкориҳои худро ҳамчун шарикони боэътимод дар ҳама соҳаҳо ба роҳ мондаанд.
Бояд қайд кард, ки заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро зиёда аз 200 санади дуҷонибаи байнидавлатӣ ташкил медиҳанд. Изҳороти якҷоя оид ба усулҳои асосии муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 9 марти соли 1993, Шартнома дар бораи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007, Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба барқарор кардани муносибатҳои шарикии стратегӣ аз 20 май соли 2013 ва Изҳороти якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкории стратегӣ аз 13 сентябри соли 2014 санадҳои асосие мебошанд, ки муносибатҳои дуҷониба дар заминаи онҳо таҳия шуда, барои рушди муносибатҳои дуҷонибаи устувор ва дарозмуддат пояи қавии ҳуқуқӣ-шартномавӣ гузоштаанд. 31 августи соли 2017 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба ба имзо расонида шуд, ки заминаи мустаҳками рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам овард.
Мавриди зикр аст, ки нишондиҳандаҳои гардиши савдо дар тӯли 30 сол дар масири шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ аз суръати баланди рушди он гувоҳӣ медиҳад. Хитой дар даврони навин миёни сармоягузорони хориҷии кишвар мақоми аввалро соҳиб мебошад. Ҳаҷми маблағгузории Хитой ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 3 млрд долл. ташкил медиҳад.
Сармоягузориҳои Хитой дар доираи лоиҳаи чинии “Як камарбанд, як роҳ” сурат гирифта, он ҳадафнок, бардавом, имтиёзнок буда дар он ягон шарту шароити сиёсӣ ниҳон нест.
Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики боэътимоди Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои коммуникатсионӣ ва истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Дар ин замина дар асоси робитаҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди тарафҳо даҳҳо лоиҳаҳои вобаста ба роҳу нақлиёт ва энергетикӣ татбиқ карда шудаанд.
Бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қашғар нишона аз рушди муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамгироии нақлиётии минтақа гардид. Роҳи мазкур барои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти бузурги иқтисоди дошта Чинро бо Эрону Афғонистон ва Тоҷикистонро бо Чину Покистон ва Ҳиндустон пайваст мекунад. Дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ низ Чин ҳамкории густурдаро бо Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500 кв-и “Ҷануб-Шимол” ҳамкориҳои энергетикии дуҷонибаро такон бахшид, ки дар натиҷа шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба як системаи ягона пайваст карда шуд. Ҳамчунин бо кӯмаки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Душанбе Маркази гармидиҳӣ ба истифода дода шудааст, ки расидан ба истиқлолияти энергетикиро то андозае осон намуд. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкати дар асоси сармоягузории Чин фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкатҳои чинӣ корхонаҳои коркард ва истихроҷи ангиштасанг, оҳан, сурма, фосфор ва фулузоти нодирро ба роҳ мондааст. Бо ҳамкории ширкатҳои Тоҷикистониву Чинӣ дар Тоҷикистон ширкатҳои муштараки коркарди семент низ ба фаъолият оғоз намудаанд, ки бозори ватаниро бо семент таъмин ва то ҳадди имкон ба бозори минтақавӣ содирот менамояд.
Таҳлилҳо шаҳодат медиҳанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариш қарор доранд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Чин омили рушди иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ рушду тавсиа ёбанд. Рушди ҳамкориҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа алоқаманд аст.Аз ин ру суботу амнияти Осиёи Марказӣ ҳам барои кишварҳои минтақа ва ҳам барои Чин хеле муҳим аст.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Мардумии Чин калонтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Робитаҳои иқтисодии кишварҳоро ҷойгир будани кишварҳо дар ҳамсоягӣ ва доштани иқтидорҳои фаровони захираҳои табии ба ҳам наздик мекунад.
Хоҷаев Парвиз Давронович - доктори илмҳои иқтисодӣ,профессор, мудири шуъбаи Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Санаи нашр: 21.05.2026
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо
icon

МАҚОЛАҲО


📅 22.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026