Муассисаи давлатии “Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" озмуни қабул ба докторантураи доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисосро барои соли таҳсили 2025-2026 аз рӯйи ихтисосҳои зерин дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) эълон менамояд:
| № | Рамзи ихтисос | Номи ихтисос |
|---|---|---|
| 1 | 6D050700 (D050702) | Менеҷмент (Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ) |
| 2 | 6D050700 (D050701) | Менеҷмент (Менеҷмент) |
| 3 | 6D051100 (6D051101) | Маркетинг (Маркетинг) |
| 4 | 6D051700 (6D051701) | Менеҷменти инноватсионӣ |
| 5 | 6D052000 (6D052002) | Бизнес-маъмуриятчигӣ (Иқтисодиёти соҳибкорӣ) |
| 6 | 6D050600 (D050612) | Иқтисодиёт (Савдо, хизматрасониҳои тиҷоратӣ ва маишӣ) |
| 7 | 6D050600 (6D050601) | Иқтисодиёт (Назарияи умумии иқтисодӣ) |
| 8 | 6D050600 (6D050605) | Иқтисодиёт (Методҳои математикӣ ва афзорӣ дар иқтисодиёт) |
| 9 | 6D050800 (6D050801) | Баҳисобгирӣ ва аудит |
| 10 | 6D050900 (6D050901) | Молия (Молия, муомилоти пулӣ ва қарз) |
| 11 | 6D051300 (6D051301) | Иқтисодиёти ҷаҳонӣ |
| 12 | 6D051000 (6D051003) | Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (Амнияти иқтисодӣ) |
| 13 | 6D051200 (6D051201) | Омор |
Ба докторантура-доктори фалсафа (PhD) довталабоне қабул карда мешаванд, ки дараҷаи магистр дошта бошанд ва яке аз забонҳои хориҷиро донанд. Довталабон аз ихтисос ва забони хориҷӣ имтиҳони дохилшавӣ месупоранд. Шаҳрвандони хориҷӣ – инчунин аз фанни забони тоҷикӣ.
Муддати таҳсил – 3 сол. Қабул барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ сурат мегирад.
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо: аз 1 июл то 20 август 2025
Имтиҳонҳо: аз 21 то 31 август 2025
Тамос: Тел.: 935282862