Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

Магистратура

ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ! ТАВАҶҶУҲ!

Комиссияи қабули Муассисаи давлатии “Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" қабули довталабонро барои таҳсил дар зинаи магистратура (1 сола ва 2 сола) барои соли таҳсили 2025-2026 дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) аз рӯйи 15 ихтисосҳои зерин эълон менамояд:

Рамз Номи ихтисос
1-260201Бизнес-маъмуриятчигӣ
1-25010407Молия ва қарз дар фаъолияти иқтисодии беруна
1-25010731Иқтисодиёти минтақа ва рушди маҳал
1-240103Ҳуқуқи иқтисодӣ
1-25010404Суғурта
1-96010103Бехатарии иқтисодӣ
1-960101Хадамоти гумрукӣ
1-250111Аудит ва ревизия
1-26010303Идораи молияи давлатӣ
1-25010304Идораи инвеститсияҳои хориҷӣ
1-25010715Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои комплексҳои агросаноатӣ
1-25011026Иқтисоди рақамӣ
1-26020202Менеҷменти байналмилалӣ
1-250105Омор
43.03.02Сайёҳӣ

Таваҷҷуҳ: Довталабоне, ки бо дипломи “сурх” бакалаврро хатм намудаанд, метавонанд бе имтиҳон ва тариқи суҳбат ройгон (буҷавӣ) таҳсил намоянд.

ҶОЙИ ҚАБУЛ ВА ТАМОС

Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза дар бинои асосии МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон", воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, хиёбони Борбад 48/5 ба роҳ монда шудааст.

Телефон барои тамос: 935282862

НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲО

  • Ариза ба номи ректори ДБССТ (ихтисос ва рақами телефон)
  • Нусхаи шиноснома (барои хориҷиён бо тарҷумаи нотариалӣ)
  • Нусхаи дипломҳо ва замимаҳо (бакалавр, магистр, номзадӣ)
  • Баробарҳуқуқии дипломҳо (барои шаҳрвандони хориҷӣ)
  • Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ
  • Шарҳи ҳол
  • Хислатнома
  • Рӯйхати мақолаҳо ё реферат (25-30 саҳифа бо тақриз)
  • Маълумотномаи тиббӣ
  • Маълумотномаи ҷойи истиқомат
  • Дафтарчаи меҳнатӣ (ҳангоми доштани собиқа)
  • Мактуби тавсиявӣ (агар мавҷуд бошад)
  • 6 дона расми 3x4 (ранга)

Илм ва иноватсия: