Шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ аз рузи ифтитоҳ шудани Институт, яъне аз 01августи соли 2024 кушода шуд. Самти асосии фаъолияти шуъба корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи сайёҳи ва соҳибкорӣ мебошад.
Мавзуи илмӣ-таҳқиқотии шуъба “Мавқеи муносибатҳои байналхалқӣ ва дарёфти грантҳо дар рушди сайёҳӣ ва соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дорад, ки таҳти рақами РБ №0125TJ1676 аз 07.03.2025 аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Дар баробари ин шуъба дар таҳия ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва конференсияҳои байналмилалӣ вобаста ба самти таҳқиқот саҳмгузор мебошад.
Шуъба барои амали намудани фаъолияти худ бо чунин ташкилоту донишгоҳҳои хориҷӣ алоқаҳои дутарафа дорад:
- Санкт-Петербургский государственный экономический университет – Российская Федерация
- Российский университет дружбы народов имю Патриса Лумумбы - Российская Федерация
- Исследовательский центр “Лабаратория туризма” – Республики Узбекистан
- Бухарский государственный университет - Республики Узбекистан
- НИИ развития туризма при Комитете по туризму Республики Узбекистан - Республики Узбекистан.
- Алианс дружбы “Шелковый путь” в Таджикистане - China
- ASA Company (Барномаи идоракунии меҳмонхонаҳо) - Iran
- Kadous International Tourism Development Company – Iran.