Ҳошимзода Раъно Ҳошим 29 октябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоти олӣ дошта, соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (рӯзона) бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагӣ хатм намудааст.
Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент. Мавзуи таҳқиқоти илмӣ:
«Хислатҳои хоси таҳия ва рушди комплекси истеъмолӣ чун ҷузъи таркибии иқтисодиёти минтақа
(дар асоси маводҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)».
Забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ (бо луғат).
Солҳои 2010–2015 ва 2015–2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд,
солҳои 2018–2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Бӯстон,
солҳои 2020–2022 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон,
соли 2020 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд,
аз соли 2022 то ҳол вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон мебошад.
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидааст:
Медали «Хизмати шоиста» (16.07.2020, №24-19),
Ифтихорномаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон (25.09.2021, №208).
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА:
1991–1992 — Муаллимаи кафедраи иқтисодии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
1992 — Муаллимаи кафедраи фанҳои умумии иқтисодии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
1993–1997 — Муаллимаи кафедраи молия ва баҳисобгирӣ
1997–2000 — Сармуаллимаи кафедраи муҳосибот ва омор
2000–2002 — Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ
2002–2004 — Муовини декан оид ба корҳои таълимӣ
2004–2006 — Сармуаллимаи кафедраи муҳосибот ва омор
2006–2007 — Муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети кибернетика
2007–2012 — Муовини декан оид ба корҳои таълимии шуъбаи ғоибона
2012–2014 — Сармуаллимаи кафедраи муҳосибот ва аудит, ҳамзамон муовини декан оид ба тарбия
2014–2015 — Муовини декан оид ба корҳои таълимии шуъбаи рӯзона
2015–2017 — Декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
2017–2018 — Муовини раиси шаҳри Хуҷанд
2018–2022 — Раиси шаҳри Бӯстон
2022–2025 — Раиси шаҳри Гулистон
Аз соли 2025 то ҳол — Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия