![]() |
Мудири шуъбаи муҳосибот ва ба нақшагирӣ |
Шуъбаи молия, хоҷагидорӣ ва банақшагирии Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ фаъолияти худро бо мақсади
таъмини самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ, моддӣ ва банақшагирии стратегӣ ба роҳ мемонад.
Шуъба масъули таҳия ва иҷрои буҷети институт, назорати хароҷотҳо, таҳлили иқтисодӣ ва молиявӣ, инчунин
банақшагирии рушди хоҷагидории муассиса мебошад. Инчунин, фаъолияти техникии хоҷагии дохилии институт ва таъминоти
моддию техникии он низ зери назорати бевоситаи шуъба қарор дорад.
Ҳамчунин, шуъба дар таҳияи нақшаҳои кӯтоҳмуҳлат ва дарозмуҳлат, ҳисоботҳои молиявӣ ва таҳлилҳои иқтисодӣ саҳми
муҳим дорад. Бо риояи меъёрҳои муҳосиботӣ ва қонунгузории молиявии амалкунанда, шуъба барои таъмини шаффофият ва
самаранокии идоракунии захираҳо мекӯшад.