Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

Мудири шуъбаи тадқиқоти соҳибкорӣ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хоҷаев Парвиз Давронович

Маълумот оиди шуъби тадқиқоти соҳибкорӣ

Шуъбаи тадқиқоти соҳибкорӣ яке аз бахшҳои муҳими Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии шуъба таҳқиқ ва таҳлили равандҳои муосири соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, инчунин рушди механизмҳои дастгирии соҳибкорони ватанӣ мебошад. Шуъба ба омӯзиши монеаҳо ва имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳои сайёҳии кишвар машғул буда, дар асоси таҳқиқоти илмӣ пешниҳодҳои амалӣ барои беҳтар кардани муҳити соҳибкорӣ ва рушди сайёҳии устувор таҳия менамояд. Илова бар ин, шуъба бо муассисаҳои таълимӣ, тадқиқотӣ ва ширкатҳои хусусӣ ҳамкорӣ мекунад ва дар татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ саҳми фаъол мегузорад.