![]() |
Мудири Шуъбаи Таҳияи лоиҳаҳо ва кор бо грантҳо Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз |
Шуъбаи Таҳияи лоиҳаҳо ва кор бо грантҳо
Шуъбаи таҳияи лоиҳаҳо ва кор бо грантҳо яке аз бахшҳои муҳими Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи асосии шуъба ҷалби маблағгузорӣ барои амалисозии ташаббусҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва амалии институт тавассути таҳия ва пешниҳод намудани лоиҳаҳо ба ташкилоту фондҳои донорӣ ва барномаҳои грантӣ мебошад.
Шуъба ба вазифаҳои зерин машғул аст:
Омӯзиши имкониятҳои мавҷудаи грантӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ;
Таҳияи лоиҳаҳо ва пешниҳодҳо барои маблағгузории хориҷӣ ва дохилӣ;
Идоракунӣ ва назорати раванди иҷрои лоиҳаҳо;
Ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ, сафоратҳо, фондҳо ва дигар шарикони рушд;
Мусоидат ба рушди иқтидори илмӣ ва ташкилӣ тавассути ҷалби маблағҳои беруна.
Кормандони шуъба дорои таҷрибаи васеъ дар соҳаи таҳияи лоиҳаҳо ва идоракунии онҳо буда, дониши муосири касбӣ ва забонҳои хориҷиро доро мебошанд, ки барои муваффақона ҷалб намудани грантҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Шуъба бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолиятҳои илмӣ ва рушди бахши сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.