Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар асоси ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманд ба роҳ мондааст. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз қудратҳои бузурги иқтисодии ҷаҳон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Дар ин ҳолат сафарҳои расмӣ ва хизматии роҳбарони ду давлат нақши калидӣ дошта, барои таҳкими муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ заминаи устувор фароҳам меоранд.
Аҳамияти ташаккул ва рушди ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Чин дар шароити муосир яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкориҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.
Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ намудан зарур аст. Ин сафар барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, баррасии масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин таҳкими шарикии стратегӣ байни ду кишвари дусту бародар аҳамияти калон дорад. Дар раванди мулоқотҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, сармоягузорӣ, саноат ва энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин бар асоси эҳтироми мутақобила, дахлнопазирии марзҳо ва дастгирии манфиатҳои миллӣ рушд меёбанд. Ҳар ду кишвар ҷонибдори таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа мебошанд. Дар ин мулоқотҳо пайваста таъкид мегардад, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар ва суботи минтақа равона карда шудаанд.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои ду кишвар ин ҷалби сармоя дар самти иқтисодиёт мебошад. Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз яке аз шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Солҳои охир ҳаҷми гардиши савдои байни ду давлат афзоиш ёфта, ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ густариш пайдо кардаанд. Дар ҷараёни сафари хизматӣ ҳамкориҳо оид ба самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва ҷалби сармоя барои рушди иқтисоди миллӣ, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ҷалби сармоягузории ширкатҳои чинӣ дар иқтисоди Тоҷикистон, махсусан дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва инфрасохтор назаррас арзёбӣ мегардад.
Дар замони муосир бо дастгириҳои ҷониби Чин дар Тоҷикистон ба кушодан ва истифода додани роҳҳо, нақбҳо, хатҳои барқ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Ин ҳолат барои рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Дар ин асно, масъалаи рушди инфрасохтори нақлиёт ва коммуникатсионӣ низ мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии худ имконият дорад, ки ба долони муҳими транзитӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин табдил дода шавад. Аз ин рӯ, ташакул ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаи роҳсозӣ ва логистика барои рушди иқтисоди минтақа аҳамияти муҳим дорад.
Соҳаи энергетика низ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ба ҳисоб рафта Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва метавонад дар оянда ба яке аз истеҳсолкунандагони муҳими неруи барқ дар минтақа бошад. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун давлати дорои имкониятҳои бузурги технологӣ ва молиявӣ месазад, ки дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад. Дар мулоқотҳо масъалаҳои рушди “энергияи сабз”, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари масъалаҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳо дар самти илму маориф низ пайваста рушд меёбанд. Табодули донишҷӯён, омӯзиши забон, ҳамкориҳои илмӣ барои таҳкими дӯстии байни мардум мусоидат мекунанд.
Дар шароити муосир шумораи зиёди ҷавонони тоҷик дар муасисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил намуда, таҷриба ва донишҳои муосирро аз худ менамоянд. Ҳамзамон омӯзиши забони чинӣ дар Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан дар Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” ҷолиби диққат қарор дода шудааст.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд ва дар идомаи мулоқот дар баробари дигар масъалаҳо масъалаҳои дастгирии навовариҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ, гузариш ба энергетика ва саноати «сабз», рушди робитаҳо мавриди муҳокимаи ҳамақониба қарор дода шуд.
Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин нишон медиҳад, ки муносибатҳои ду кишвар дар марҳилаи таккулёбӣ ва рушд қарор доранд. Ҳар ду давлат кӯшиш менамоянд, ки ҳамкориҳоро ба сатҳи баландтарини шарикии стратегӣ бардоранд. Айни замон дар шароити тағйирёбии иқтисоди ҷаҳонӣ ва рушди технологияҳои нав густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои ҳар ду кишвар аҳамияти калон дорад.
Хулоса, сафари хизматии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳкими дӯстӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои байнидавлатӣ аҳамияти бузург дорад. Натиҷаҳои ин сафар метавонанд барои рушди иқтисоди миллӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд. Муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз ҳамчун намунаи ҳамкории созанда ва дарозмуддат арзёбӣ мегардад.
Муовини аввал, муовини директори Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” - и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ., дотсент Ҳабибуллозода Муҳриддин Ҳабибулло
|
📅 22.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
|