Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар моҳи майи соли 2026, аниқтараш 11 майи соли равон ҳамчун яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Ин сафар на танҳо идомаи мантиқии робитаҳои анъанавии дӯстона миёни ду кишвар буда, балки заминаи нави таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ дар бахшҳои иқтисод, технология, маориф, дипломатияи парлумонӣ ва гуманитариро низ фароҳам сохт.
Маросими истиқболи расмии Сарвари давлати Тоҷикистон дар шаҳри Пекин бо риояи оинҳои олии дипломатӣ баргузор гардида, нишондиҳандаи сатҳи баланди муносибатҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гардид. Пазироии гарму самимии ҷониби чинӣ, сафороии горди фахрӣ ва баргузор намудани маросими давлатӣ бо шиллики тӯпхонаҳо аз аҳаммияти хоси сафари мазкур барои ҳар ду кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони ширкатҳои бузурги чинӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро ҳамчун фазои мусоиди сармоягузорӣ ва шарики боэътимоди иқтисодӣ муаррифӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ислоҳоти иқтисодии солҳои охир, қабули қонуни нави сармоягузорӣ ва соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳаҷми умумии сармоягузории чинӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба наздики 6 миллиард доллар расида, қисми зиёди онро сармоягузории мустақим ташкил медиҳад.
Дар доираи мулоқоту гуфтушунидҳо таваҷҷуҳи махсус ба рушди саноати “сабз”, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, энергетика ва таъсиси корхонаҳои муштарак равона гардид. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои бойи маъданӣ барои ҳамкории саноатӣ ва технологӣ имкониятҳои васеъ пешниҳод менамояд. Аз ҷумла, захираҳои литий, мис, нуқра, сурма ва дигар металлҳои стратегӣ метавонанд дар рушди саноати муосир ва технологияҳои рақамӣ нақши муҳим бозанд.
Ҳамзамон, рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва иқтисодӣ яке аз масъалаҳои меҳварии музокирот буд. Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ҳамчун пули иртиботии байни Чин, кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна аҳаммияти стратегии кишварро дар минтақа афзоиш медиҳад. Дар ин замина, татбиқи тарҳҳои инфрасохторӣ ва коммуникатсионӣ метавонад ба густариши робитаҳои байниминтақавӣ мусоидат намояд.
Ҷанбаи дигари муҳими сафар таҳкими ҳамкориҳои илмиву фарҳангӣ ва маориф ба ҳисоб меравад. Сафари Пешвои миллат ба Донишгоҳи Пекин ва сарфароз гардонидани ӯ бо унвони профессори фахрӣ бозгӯи эҳтироми баланд ба нақши Тоҷикистон дар рушди робитаҳои байналмилалии илмӣ ва гуманитарӣ мебошад. Дар суханронии худ Президенти кишвар ба аҳаммияти илм, технология ва рушди неруи инсонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз ҳазорҳо донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин таҳсил намуда, аксаран ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ машғул мебошанд. Ин раванд барои ташаккули насли нави мутахассисони рақобатпазир аҳаммияти калидӣ дорад. Фаъолияти марказҳои Конфутсий ва “Коргоҳи Любан” низ ҳамчун намунаи муваффақи ҳамкории таълимӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ гардид.
Дар мулоқотҳо масъалаҳои вобаста ба дипломатияи парлумонӣ ва ҳамкории гуманитарӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Музокироти Президенти Тоҷикистон бо Ҷао Леҷӣ нишон дод, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ба яке аз унсурҳои муҳими таҳкими муносибатҳои стратегӣ табдил ёфтаанд. Табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ, технологияҳои рақамӣ ва рушди иқтисоди “сабз” аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда номида шуданд.
Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян низ аҳаммияти махсус дошт. Дар он ҷонибҳо афзоиши гардиши мол, рушди сармоягузорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва технологияҳои муосирро муҳокима намуданд. Ҷалби сармоя ба рақамикунонӣ ва рушди зеҳни сунъӣ ҳамчун самти нави ҳамкории стратегии ду кишвар арзёбӣ гардид.
Натиҷаҳои амалии сафар низ қобили таваҷҷуҳ мебошанд. Имзои зиёда аз 50 санади ҳамкорӣ бо ҳаҷми умумии беш аз 8 миллиард доллар нишон медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин аз марҳилаи ҳамкории анъанавӣ ба сатҳи нави шарикии фарогири иқтисодиву технологӣ гузаштаанд. Аз ҷумла, созишномаҳои марбут ба иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ метавонанд дар модернизатсияи иқтисоди Тоҷикистон нақши муассир бозанд.
Дар маҷмӯъ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин нишон дод, ки муносибатҳои ду кишвар дар асоси эътимоди сиёсӣ, манфиатҳои муштарак ва ҳамкории дарозмуддат рушд меёбанд. Тоҷикистон ва Чин имрӯз ба шарикони стратегии ҳамаҷониба табдил ёфта, барои рушди иқтисодӣ, пешрафти технологӣ ва таҳкими суботи минтақавӣ имкониятҳои нави ҳамкориро фароҳам месозанд. Ин раванд метавонад дар оянда ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшад.
РУСТАМҶОН Умаров
Мудири шуъбаи робитаҳои байналмилат
ва кор бо грантҳои Институти илмию
таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории
ДБССТ
|
📅 22.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
|