(Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин)
Санаи 11 майи соли 2026 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари давлатӣ анҷом доданд. Бояд гуфт, ки аҳаммияти ин сафари давлатии Пешвои миллат ба ин кишвари шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим мебошад. Зеро тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, айни ҳол равобити ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя дар сатҳи баланд қарор дорад.
Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари қудратманди сиёсӣ ва иқтисодӣ, дорои аҳамияти калони иқтисодиву сиёсӣ мебошад. Дар ин замина ҳарду кишвар ҳамкориҳои худро ҳамчун шарикони боэътимод дар ҳама соҳаҳо ба роҳ мондаанд.
Бояд таъкид дошт, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягии мардумони Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз аз замони Роҳи Бузурги Абрешим идома доранд. Тоҷикистону Чин ба унвони шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Милали Муттаҳид, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамкориҳои судманд доранд ва аз мавқеи ҳамдигар пуштибонӣ мекунанд. Илова ба ин, тарафҳо дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» бо ҳам ҳамкорӣ доранд.
Чин шарики ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон буда, дар бозори дохилии Тоҷикистон мавқеи пешсафиро дорост. Ҷумҳурии Мардумии Чин аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва яке аз бузургтарин сармоягузорони иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Нуқтаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки маҳз сафарҳои расмӣ, давлатӣ ва кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва роҳбарони ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фароҳам намудани заминаҳои қарордодиву ҳуқуқии ҳамкориҳо нақши асосӣ гузоштаанд.
Дар таърихи муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 сафари расмӣ, давлатӣ ва корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом дода, роҳбарони ин кишвар низ бо чунин сафарҳо ба Тоҷикистон омаданд, ки санадҳои муҳими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷараёни боздиди сарварони давлатҳо ба кишварҳои ҳамдигар имзо шудаанд.
Дар доираи ин шартномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бахшҳои гуногуни иқтисод якчанд лоиҳаҳои стратегӣ ва муҳимро ба анҷом расониданд. Ин ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсиву амниятӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб мебошанд, ки боиси рушди устувори иқтисоди кишвар гардида, имкониятҳоро барои рушди инфрасохтори кишвар ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум фароҳам оварданд.
Дар ин сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун профессори фахрии Донишгоҳи Пекин пазируфта шуданд. Бояд гуфт, ки ин эътироф бораи тақвияти робитаҳои байналмилалии илмиву маърифатӣ ва дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Тавре Президенти кишвар дар баромадашон иброз доштанд, ҳоло дар ҳудуди 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 47 кишвари дунё таҳсилоти олӣ мегиранд, аз ин шумора наздики шаш ҳазор нафар дар Чин бо таҳсил фаро гирифта шудааст ва дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти олии Чинро хатм кардаанд. Дар ин зимн таваҷҷуҳи афзоишёбандаи ҷавонони тоҷик ба таҳсил дар Чин, бахусус аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди зеҳни сунъӣ таъкид карда шуд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар донишгоҳҳои мо марказҳои Конфутсий таъсис ёфта, барои омӯзиши забони чинӣ ба ҷавонони тоҷик имкониятҳои хуб фароҳам оварда шудааст.
Бояд гуфт, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг барои тарбияи насли нави мутахассисони рақобатпазир дар шароити замони муосир пояҳои устувор хоҳад гузошт.
Умуман, метавон гуфт, ки дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Чин, муколамаи сатҳи олии ду давлат, имзои созишномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун барои иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, барои рушди иқтисоди миллӣ аҳаммияти калон дорад. Тоҷикистону Чин кишварҳои дорои мероси бузурги фарҳангӣ буда, маҳз ин омили асосии пайванди минбаъда бояд бошад.
Ҳамин тавр, сафари Пешвои муаззами миллат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бозгӯйи тақвияти муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстонаю шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошад.
Машҳура Абдуллоева, н.и.ф., котиби илмии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
|
📅 22.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
📅 21.05.2026
|