Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ИҚДОМИ БА МЕҲРУ ШАФҚАТ ДАР ТАЪМИНИ ҲАМЗИСТИИ МУШТАРАК

Бо азму иродаи устувор ба амал омадани музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин заминаи муҳими таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва ҳамзистии муштараки байни ин ду давлат, дар ҳақиқат, рӯйдоди хело муҳим ва ояндасози муносибатҳои минбаъдаи байни ин ду кишвар мебошад. Чунин азм ба расму ойинҳои таърихан қадимаи на онқадар дури мо дар робита ба маводҳои хоси Чинӣ рӯзгори мардумиро рангоранг гардонида, ҳамзамон меҳру шавқати хонаводаҳои миллиамонро ба мардуми Чин афзун мегардонид. Аслан чунин меҳру арзишҳои муҳими миллию фарҳангии байни ин ду кишвар аз масири Роҳи Бузурги Абрешим маншаъ мегирад. Ҳамин аст, ки чун анъана бо таври нави замонавӣ нуқтаи баланди ҳамкорӣ сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин имконияти таърихиеро ба амал оварданд, ки дараҷаи миқдоран ва сифатан нави ҳамкории ояндавиро ифода менамояд: “Дӯсти азизам! Вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад....Ҷаноби Президент! Ман омодаам бо Шумо ҳамкорӣ кунам, то ҷомеаи боз ҳам муттаҳидтари сарнавишти муштаракро байни Тоҷикистон ва Чин ба манфиати мардумони ҳарду кишвар тақвият диҳем”. Аҳамияти таърихии ин якдигарфаҳмии сатҳи баланд обрӯю нуфузи на ин ки ҳар як кишварро дар алоҳидагӣ, балки дар маҷмуъ мақоми Тоҷикистон ва Чинро ҳамчун давлатҳои бофарҳанг ва намуна дар шароити пуртазоди умумиҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ, таъмини умумияти рушди устувор, аз ҷумла “идораи глобалӣ” ифода менамояд.
Ҳамаи ин дар ниҳояти кор, сокинони ҳарду кишварро рӯҳи болида бахшида, орому осуда ба самти созандагию ободии кишвар, устувории ҳамкориҳои минбаъда равона месозад. Масалан вобаста ба равобити ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ, таъмини амнияти минтақавӣ омили муҳимми ҳалли муаммоҳои замони муосир баромад мекунанд. Дар заминаи чунин иқдоми ба меҳру шафқат дар таъмини ҳамзистии муштарак, сокинон дар таъмини истифодаи обу замин барои ҳалли муаммоҳои дохилию берунӣ дар коҳишдиҳии осебпазирии рушди минбаъда якҷоя сафарбарӣ менамоянд.
Маъдиев С., н.и.и., дотсент, ходими пешбари илмии
Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Санаи нашр: 21.05.2026
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо
icon

МАҚОЛАҲО


📅 22.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026