Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ИМКОНИЯТҲО, ПЕШРАФТИ УСТУВОР ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Шаҳри Душанбе, ки имрӯз ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф аст, на танҳо маркази сиёсиву маъмурии кишвар, балки рамзи пешрафт, фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик ба шумор меравад. Ин шаҳри зебову дилнишин ҳамчун оинаи миллати мутамаддини тоҷик бо дастгирии доимӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон бо ибтикору ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, рӯз аз рӯз симои нав касб намуда, ободу зеботар ва муосиртар мегардад. Рӯзи пойтахт ҳамчун ҷашни муҳим ва пурифтихор таҷлил гардида, ифодагари муҳаббат, садоқат ва эҳтироми сокинон нисбат ба ин шаҳри ободу файзбахш мебошад.
Душанбе дар тӯли таърих роҳи тӯлонӣ ва пурпечутобро тай намудааст. Аз як маҳалли хурди бозорӣ ба як шаҳри бузургу муосир ва рӯ ба рушд табдил ёфтани он натиҷаи заҳмати пайваста, сиёсати хирадмандона ва талошҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз бо роҳнамоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳмгузории бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, имрӯз пойтахт ба як маркази муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мубаддал гардидааст.
Имрӯзҳо Душанбе бо бунёди иншооти муосир, роҳҳои васеъ, боғҳои сабзу хуррам, марказҳои фарҳангиву фароғатӣ ва инфрасохтори рушдёфта симои худро ба куллӣ дигаргун намуда, ба яке аз шаҳрҳои зебо ва ҷолиби минтақа табдил ёфтааст. Ҳамзамон, шаҳр ҳамчун маркази баргузории чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, конфронсҳо ва фестивалҳо мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ таҳким бахшида истодааст.
Бо дарназардошти ҳамаи ин дастовардҳо метавон бо ифтихор гуфт, ки Душанбе имрӯз на танҳо пойтахти давлат, балки маркази орзуву ормонҳо, макони ваҳдат ва рамзи ояндаи дурахшони миллати тоҷик мебошад. Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: Аз рӯзҳои аввали эълони пойтахт гардидани ин шаҳр – Душанбе рисолати пойтахти бостонии халқи тоҷикро бар дӯш гирифт ва дар ташаккули давлатдорӣ, рушди илму фарҳанг, муттаҳидсозии неруҳои зеҳнӣ ва шахсиятҳои пешқадам нақши муҳим бозид... Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, пеш аз ҳама бояд пойтахти онро обод намоем ва тамоми имконияту захираҳоро барои рушди он истифода барем, исбот кунем, ки мо воқеан миллати мутамаддин ва фарҳангӣ, созанда ва шаҳрсоз ҳастем.
Рӯзи пойтахт на танҳо ҷашни шаҳр, балки ҷашни ҳар як сокини он аст. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба гузашта назар афканем, дастовардҳои имрӯзаро қадр намоем ва барои ояндаи боз ҳам дурахшони Душанбе талош варзем. Ҳар як шаҳрванд бояд дар ободонӣ, тозагӣ ва ҳифзи муҳити шаҳр саҳми худро гузорад.
Имрӯз Душанбе ба як шаҳри амн, зебо ва пешрафта табдил ёфтааст. Меҳмонони хориҷӣ низ шаҳри Душанберо ҳамчун макони меҳмондӯстиву фарҳанги баланд мешиносанд. Ин ҳама боиси ифтихори ҳар як тоҷик мебошад.
Бо ифтихори баланд метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки қалби тапандаи миллат ва рамзи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Ин шаҳри зебову дилнишин имрӯз ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар мавқеи хоса дошта, ифодагари ормонҳо ва дастовардҳои халқи тоҷик мебошад.
Бигзор шаҳри Душанбе ҳамеша дар масири рушду пешрафт қарор дошта, рӯз аз рӯз ободу шукуфонтар гардад ва барои наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо ва мояи ифтихор боқӣ монад. Мо бо боварии комил изҳор медорем, ки ин пойтахти азиз минбаъд низ ҳамчун рамзи ваҳдат, субот ва сарбаландии тоҷикон рушд хоҳад кард.
Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки дар ободонӣ, тозагӣ, сабзкорию зебогардонии шаҳр саҳми арзандаи худро гузошта, шаҳри Душанберо ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чеҳраи Тоҷикистони муосир боз ҳам зеботар, муосиртар ва шукуфонтар гардонем.
Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 2005 инҷониб ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар кишвар ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Пешвои миллат дар баромадҳои худ бахшида ба ин ҷашни муҳими миллӣ, шаҳри Душанберо ҳамчун маркази орзуву умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд:
– Душанбе рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки фарзандони бонангу номуси он бояд ин симоро ҳамеша поку равшан ва беғубор нигоҳ доранд;
– Душанбе рамзи ҷавонони умедбахшу сарбаланд аст, ки дар корхонаҳои саноатию муассисаҳои таълимӣ ба хотири пешрафти ояндаи Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд ва содиқона заҳмат мекашанд;
– Душанбе рамзи пирони барнодилу бунёдкор мебошад, ки умри азизи хешро барои эҳёи пойтахти замонавии тоҷикон сарф намудаанд;
– Душанбе рамзи кӯдакони некбахту хуштолеъ аст, ки мисли гулҳои рангоранг арзу тӯли пойтахт ва зиндагии моро зебу зиннат мебахшанд;
– Пойтахт воқеан гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддуни олам бе марказҳои тавонои илмию фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад;
– Дар қаламрави ҷумҳурии мо шаҳрсозию шаҳрдорӣ авҷ гирифта, Душанбеи тозабунёд ба чаҳор самт вусъат ёфт ва чун пойтахти нави давлати тоҷикон шуҳрат пайдо намуд;
– Шаҳри Душанбе шаҳри ҷавони куҳанбунёд, шаҳрест, ки шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихӣ, падидаҳои сиёсию фарҳангӣ, рӯзҳои вазнину фоҷиабор ва шодмонию ҷашнҳо мебошад;
– Шаҳри Душанбе дар радифи ҳама шаҳрҳо ва пойтахтҳои қадимии давлати тоҷик қарор ёфта, рисолати муқаддасу бошараф, яъне маркази маъмурии мамлакат, илму фарҳанг ва муттаҳидкунандаи миллатро бар дӯш гирифтааст;
– Пойтахт симои миллату мамлакат, маркази илму тамаддун ва пойгоҳи маърифат аст;
– Ҳусни пойтахт ҳусни миллат аст ва ободию шукуҳи он маънои ободии кулли сарзамини тоҷиконро дорад;
– Шаҳри Душанбе бояд ҳамеша ободу зебо, бонизому хуштарҳ бошад ва чеҳраи воқеии Тоҷикистонро инъикос карда тавонад;
– Шаҳри Душанбе яке аз пойтахтҳои ҷавони Осиёи Марказӣ мебошад, ки онро падарону бобоёни мо аввали солҳои бистуми асри гузашта- дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ сохтаанд;
– Дар ҷаҳон пойтахтҳои зебову маҳбуб хеле зиёданд, вале барои мо – тоҷикон, табиист, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе аз ҳама зеботару маҳбубтар аст;
– Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст.
Рӯзи пойтахт муборак бод!
Қудратов К.А. – номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири шуъбаи татбиқи натиҷаҳои илмии Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

📅 Санаи нашр: 12.05.2026
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо
icon

МАҚОЛАҲО


📅 22.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026 📅 21.05.2026