Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

МАҚОЛА:
icon

МАҚОЛА

Мақола

ХУДШИНОСӢ ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ

ХУДШИНОСӢ ОМИЛИ МУҲИММИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳаввули дигаре дар фарҳангу тамаддун ва ҳувияти миллӣ буд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта дар Паёми навбатӣ низ ба масъалаи тақвияти худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, дурӣ ҷустан аз таассубу ифротгароӣ, тарғиби либоси миллӣ, забондонӣ ва ба ҳамин монанд масъалаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Бо дарназардошти ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардид.
Воқеан ҳам, барои тақвияти худшиносии миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва бевосита Пешвои муаззами миллат як қатор тадбирҳои такондиҳандаи ин раванд рӯйи кор омаданд, аз қабили чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа гардидани китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат ва шинохти таърихи хеш, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандўстиву ватанпарастии роҳандозӣ гардид.
Ҳамзамон бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дастур доданд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Дарвоқеъ, тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он ҷавонон миллату давлат ва сарзамини аҷдодии худро дӯст дошта, фарҳангу таърихи гузаштаи худро ҳимоя карда, баҳри инкишофи он содиқона меҳнат мекунанд.
Зарур аст, ки нуктаеро аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ёдовар шавем, ки иброз намуданд: «... ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Мавриди зикр аст, ки нақши фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Ба қадри неъмате чун истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз ва шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва талош баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллист. Дар акси ҳол надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ - фарҳангӣ шахсро ба инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастӣ оварда мерасонад.
Мусаллам аст, ки худшиносӣ ба адаб ва маънавиёт пайвандӣ дорад, зеро сарчашмаи онҳо шинохтани мавқеи худ аст. Бузурге гуфта, ки «худшиносӣ шарти аввалини хирадмандист». Бузургони адабу фарҳанги мо низ ба ин масъала аз паҳлуҳои гуногун дахл кардаанд ва хулоса тақрибан як аст: инсон танҳо дар зиндагии иҷтимоӣ касби камол мекунад ва роҳи камолот аз тарбияти ақл шуруъ мешавад, ки масолеҳаш илму дониш аст.
Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа аст. Ба навиштаи М. Шукурӣ «Ҷамъият, ҷомеа ба хештаншиносии шахс асос ёфтааст. Худшиносии шахс ба чи дараҷа амиқ рафта бошад, савияи хештаншиносии ҷамъият ба ҳамон дараҷа баланд хоҳад буд».
Аз ин рӯ, бояд худшиносиро аз худ бояд оғоз кард. Дар тақвияти худшиносии шахс фаъолияти якҷояи се ниҳоди асосии тарбия – оила, мактаб ва ҷомеа хеле муҳим ва таъсирбахш буда метавонад. Дар баробари ин, яке аз вазифаҳои нахустини падару модар, яъне оила тарбияи худшиносии ҷавонон мебошад. Бояд гуфт, ки бедорнамоии ҳисси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ бояд ҳамеша дар мадди назари ҳар волидайн қарор гирад. Ҳоло, ки гурӯҳу равияҳои тундгаро дар ҷомеа зиёд шудаанд, падару модарон, омӯзорон ва умуман, тамоми аҳли ҷомеаро зарур аст, ки корро дар ин самт ҷоннок намуда, бикӯшанд, ки ҷавонон ба доми чунин гурӯҳҳо наафтанд.
Барои бунёди воқеан ҷомеаи солим, ки дар заминаи он инсонҳои комил бояд арзи вуҷуд намоянд, зарур аст дар ибтидо волидайн барои он аз лиҳози рӯҳӣ худро омода созанд, зеро фарзанд намунаи рафтор, пиндор ва гуфторро, қабл аз ҳама, аз волидайни хеш меомӯзад ва мепазирад. Ҳар қадаре ки дар таблиғи ахлоқи ҳамида ва муносибати боэҳтирамона дар ҷомеа талош карда шавад, ҳамон андоза ба тарбияи фарди комилу солим ва рушди ҷомеа муваффақ метавон шуд.
Бояд қайд кард, ки худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке аз пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин рӯ, тарғиби ҳамешагии ин мафҳумҳо барои насли ҷавони кишвар аз манфиат дур нахоҳад буд. Барои бақои миллат тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ хеле зарур аст, зеро ҷавоне, ки ҳувияти миллӣ дорад, манфиати миллиро дар ҳама ҳолат ҳифз мекунад ва арзишҳои миллиро болотар аз ҳама гуна арзишҳо мегузорад, пас бо андешаи миллии солиму созанда ва мафкураи қавӣ миллату давлат ва муқаддасоти онро аз ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва равандҳои ҷаҳонишавӣ эмин нигоҳ дошта, сипари боэътимод дар муқобили гаравишҳои ифротӣ мегардад.
Иқдоми дигаре, ки дар ин самт муҳим аст, пайваста боло бурдани огоҳӣ ва ҳушёрии сиёсии мардум аст, зеро дар чунин замони мураккаб маҳз фарди огоҳ ва худшинос метавонад аҳаммияти истиқлол ва ваҳдату суботро дуруст дарк ва онро ҳифз намояд.
Абдуллоева Машҳура, н.и.ф., котиби илмии Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Санаи нашр: 05.01.2026
⬅ Бозгашт ба Мақолаҳо