ТАШАББУСИ МО – ОМИЛИ ИФТИХОРИ МО
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16 декабри соли 2025 ироа гардид)
Боиси шодмонӣ ва ифтихори миллати тоҷик аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 12-уми декабри соли 2025 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Ин нуктаро Сарвари муаззами миллат Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таърихи 16 декабри соли 2025 ироа гардид, баён намуда, аз ҷумла қайд карданд: “... боиси ифтихор аст, ки ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад”.
Дарвоқеъ масоили омӯзиш ва тавсеаи маърифати ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масоили мубрами ҷаҳони имрӯза буда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ аҷр гузошта мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала ҳанӯз чанд сол муқаддам ташаббус зоҳир карда, соли 2024-ро дар ҳудуди кишвар «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуд. Дар робита ба ин ташаббус дар кишвар барномаву чорабиниҳои зиёде дар доираи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, таҳкими институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, тавсеаи дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, омодасозии мутахассисони касбии соҳаи ҳуқуқшиноси забондон таҳия ва амалӣ шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабл аз эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон, масоили марбут ба амнияти давлат ва суботи ҷомеаи ҷаҳониро дарк карда, дастур дода буданд, ки тамоми ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун сафарбар намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ марҳилаи нави тараққиёт ва пешрафтро паси сар карда истодааст, ки бо назардошти ин муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба танзими ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон эҳтиёҷ дорад. Аз ин ҷост, ки маърифати ҳуқуқӣ дар раванди тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хос дошта, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин баробар он асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст.
Дар ин замина мехоҳам ин нуктаро дар ниҳояти сухан баён кунам, ки маърифати ҳуқуқӣ барои ҷомеаи демократӣ ва таъмини волоияти ҳуқуқу тартибот нақши калидиро мебозад. Аз ин рӯ, барои ҳар кадоме аз мо зарур аст дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон шудани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» барои рушд додани сатҳи маърифати ҳуқуқии худ ва ҷомеа саъйю кӯшиш ба харҷ диҳем, то дар рушди ҷомеа саҳмгузор бошем.
Қурбонов Элмурод Турсунмуродович,
сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва
корҳои махсуси ИИТСС-и ДБССТ
|
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 05.01.2026
📅 29.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
📅 21.11.2025
|