Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН ВА ИННОВАТСИЯ: ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР”

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН ВА ИННОВАТСИЯ: ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР”
Санаи 8-уми майи соли 2026 бо ташаббуси роҳбарияти Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва садорати факултети ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бахшида ба “Рӯзи ҷавонон”, ки ҳамасола дар таърихи 23-май таҷлил карда мешавад, таҳти унвони “Ҷавонон ва инноватсия: заминаи пешрафти иқтисодии кишвар” ҳамоиши илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар қисмати ифтитоҳии ҳамоиш муовини аввал, муовини директори Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон номзади илмҳои иқтисодӣ., дотсент Муҳриддин Ҳабибуллозода баромад намуда, таманниёти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Сатторро бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” баён намудаднд. Дар идомаи чорабинӣ, Раиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Юсуф Ғаффорзода маърузаи хешро ироа карда, қайд намуд, ки дар замони муосир, дар самти рушди соҳаҳои ҷомеа мавқеи ҷавонон хеле муҳим мебошад. Ҷавонон дар замони муосир ба унвони як нерӯи пешбарандаи иқтисод муошират карда, истифодаи васеи технологияҳои муосирро дар илму истеҳсолот таъмин месозанд. Тибқи барнома, декани факултети ҳуқуқ ва гумруки Донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ., Тагаев Баҳром баромад карда, дар ниҳояти сухани хеш ба тавсия дод, ки онҳо бояд дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иштирок намуда, ташаббускору навовар ва дар ҷустуҷӯи имконияту роҳу усулҳои нави тараққиёти ҳамаҷонибаи давлатамон бошанд.
Дар ниҳояти маҳфил якчанд нафар дар қисмати музокира андешаҳои худро баён намуданд. Ҳамчунин машшоқи мумтоз Яъқубҷон Меликов тавассути ироаи якчанд оҳангҳои машҳури мардумӣ, табъи ҳозиринро болида намуд. Маҳфили мазкур бо тақдими ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ анҷом пазируфт.

📅 Санаи нашр: 12.05.2026
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026