Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ ДАР СОЛИ 2026

ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ ДАР СОЛИ 2026
Дар таърихи 28 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ»-и МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти ҳисобот дар робита ба фаълияти семоҳаи аввали соли 2026, ҷиҳати баррасии натиҷаҳои илмию таҳқиқотии кормандон баргузор гардид.
Директори муассисаи мазкур, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Р.Ҳ. дар баромади хеш фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷории кормандони институтро натиҷагирӣ намуда, корҳои илмию таҳқиқотӣ, дастовардҳо ва нишондиҳандаҳои рушди илмро, ки дар давраи ҳисоботӣ анҷом пазируфтанд, мусбӣ арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни баррасии ҳисобот, дар музокира муовини директор оид ба илм ва инноватсия ва омоданамоии кадрҳои илмӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳабибуллозода М.Ҳ., инчунин, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Умаров Х., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хоҷаев П.Д., доктори илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ёров Ҷ.Н. ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулов Г. баромад намуда, фаъолияти семоҳаи аввали соли ҷориро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар ҷараёни ироаи ҳисобот ва музокирот зикр гардид, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии Институт дар семоҳи аввали соли ҷорӣ ба таҳкими пойгоҳи илмӣ, омӯзиши самтҳои афзалиятноки рушди сайёҳию соҳибкорӣ ва таҳияи тавсияҳои амалии илмӣ мусоидат намуда, заминаи устуворро барои марҳалаҳои минбаъдаи таҳқиқотӣ фароҳам овард. Ҷаласа бо натиҷаҳои бадастомада ва муайян намудани вазифаҳои нав барои оянда ба анҷом расид.

📅 Санаи нашр: 12.05.2026
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026