КОНФРОНСИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ РАҚОБАТПАЗИР»
Дар таърихи 24 апрели соли 2026 тавассути иқдомоти Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик”, солҳои 2026-2030 – “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, “соли 2026 - соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва “35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, таҳти унвони «Рушди устувори Тоҷикистон тавассути сайёҳӣ ва соҳибкории рақобатпазир», конфронси илмӣ-амалии апрелӣ, баргузор гардид.
Дар қисмати ифтитоҳии конфронс номзади илмҳои иқтисодӣ Зоирзода Исломбек баромад намуда, таманниёти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Сатторро бахшида ба “Рӯзи илми тоҷик” баён карданд. Дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамчунин директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Раъно дар боби рушди илм дар замони муосир суханронӣ намуда, масъалаҳои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкориро дар замони имрӯз аз ҷумлаи масоили мубрами рушди кишвар ҳисобиданд. Дар зимн қайд карданд, ки конфронси мазкур идомаи мантиқии он чорабиниҳое мебошад, ки дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд», ки бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рӯзҳои 14–18 апрели соли 2026 баргузор гардида буданд дониста мешавад.
Дар қисмати асосии конфронс муовини аввал, муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва омоданамоии кадрҳои илми ИИТСС-и ДБССТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳабибуллозода Муҳриддин таҳти унвони “Самтҳои асосии оммавигардонии хизматрасониҳои давлатии электронӣ дар шароити муосир”, мудири шуъбаи таҳқиқоти сайёҳии ИИТСС-и ДБССТ, доктори илмҳои иқтисодӣ Ёров Ҷамшед Нуруллоевич таҳти унвони “Зурурати омӯзиши илми география ва ташаккули тафаккури географӣ дар рушди устувор ва ҳифзи муҳити экологӣ”, ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти сайёҳии муассисаи мазкур, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хоҷамаҳмад Умаров таҳти унвони “Лоиҳаҳои бештар мубрами рушди сайёҳӣ дар давраи то соли 2030”, мудири шуъбаи таҳқиқоти соҳибкории ИИТСС-и ДБССТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хоҷаев Парвиз таҳти унвони “Баъзе шаклҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар рушди соҳибкори инноватсионӣ”, ходими пешбари илмии шуъбаи татбиқи натиҷаҳои илмии ИИТСС-и ДБССТ, номзади илмҳои иқтисодӣ Маъдиев Саъдихоҷа таҳти унвони “Масоили марбут ба нақши баҳисобгирӣ ва омори превентивӣ дар таъмини рушди устувори сайёҳӣ” ва ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти соҳибкории ИИТСС-и ДБССТ Расулов Ғафур таҳти унвони “Татбиқи иқдомоти инноватсионӣ дар рушди саноати масолеҳи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаҳои хешро ироа намуда, асосан ба ин нукта таъкид карданд, ки аз оғози дастёбӣ ба истиқлоли давлатӣ масъалаи рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар масири рушди соҳаи мазкур чораҳои зарурӣ татбиқ шуда истодааст.
Дар ниҳояти маҳфили илмӣ муҷрии барнома, мудири шуъбаи татбиқи натиҷаҳои илмии ИИТСС-и ДБССТ, номзади илмҳои таърих, дотсент Қудратов Комрон ба кулли иштирокдорони он аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ барои баргузор намудани чунин як маҳфили ҷолиб миннатдорӣ изҳор карда, қайд намуданд, ки дар шароити имрӯза миқдори андаке аз кишварҳое вуҷуд доранд, ки дар заминаи сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таҳти амнияти комил амал мекунанд ва хушбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо, дар ин самт шароити муносиб фароҳам аст