ҲАМКОРӢ БАЙНИ ИНСТИТУТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРӢ ВА ДОНИШКАДАИ СОҲИБКОРӢ ВА ПЕДАГОГИИ ДЕНОВИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
13 марти соли 2026 дар Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мулоқот бо меҳмонон аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Денови Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Меҳмонон дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба институт ташриф оварда буданд.
Дар ҷараёни мулоқот директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳошимзода Рано Ҳошим бо намояндагони Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Денов — Мамажанов Раҳматилла Якубжанович, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, мудири кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва Чориев Журақул Гаппарович, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забон ва адабиёти рус — доир ба самтҳои асосии таҳқиқоти илмии институт, инчунин масъалаҳои омодасозии кадрҳои илмӣ дар зинаҳои докторантура ва постдокторантура мубодилаи афкор намуданд.
Дар доираи ин мулоқот байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Денови Ҷумҳурии Ӯзбекистон меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Қайд гардид, ки дар заминаи меморандуми баимзорасида харитаи роҳ таҳия гардида, татбиқи як қатор ташаббусҳо, аз ҷумла амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ, мубодилаи ходимони илмӣ ва докторантон, баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи самаранокии меморандуми ба имзорасида изҳор намуда, чунин ташаббусҳоро қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои илмӣ ва академӣ арзёбӣ карданд.