Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ САДА ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН
29 январи соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҷашни бостонии Сада бо иштироки роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ таҷлил гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор оғоз ёфт. Ректори Донишгоҳ ҳозиринро ба муносибати фарорасии яке аз куҳантарин ҷашнҳои ниёгони ориёӣ – Иди Сада табрику таҳният гуфта, онро ҷашни нур, гармӣ ва рамзи пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ, бо ҳидоят ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнҳои миллӣ ва суннатҳои ниёгон эҳё гардида, ба унсури муҳими худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа табдил ёфтаанд.
Профессор Убайдулло Асрорзода бо ифтихор таъкид намуд, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 Иди Сада ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид гардид, ки ин рӯйдод далели эътирофи байналмилалии фарҳанги куҳан ва тамаддуни ғании миллати тоҷик мебошад.
Дар идомаи суханронӣ қайд гардид, ки Иди Сада дар қатори Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик буда, реша дар таърихи ҳазорсолаи ниёгон дорад. Ин ҷашн бо афрӯхтани гулхан, арҷгузорӣ ба гармӣ, рӯшноӣ ва нерӯи ҳаёт пайванди зич дошта, рамзи анҷоми сардиҳои зимистон ва оғози бедории табиат маҳсуб мешавад.
Таъкид шуд, ки Иди Сада ҳамчун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз, мардумро ба шукргузорӣ аз неъматҳои табиат, омодагӣ ба фасли баҳор ва фаъолияти созандагӣ ҳидоят менамояд. Ин ҷашн таҷассуми ҷаҳонбинии ниёгон ва ҳамоҳангии инсон бо муҳити зист мебошад.
Ҳамзамон ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор баён дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифз ва муаррифии арзишҳои миллӣ аҳамияти хос касб мекунад. Иди Сада бо суннатҳои рангини худ метавонад омили муҳими рушди сайёҳии фарҳангӣ гардад ва таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намояд.
Дар ин замина, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешбари таҳсилоти олӣ дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, худро вазифадор мешуморад, ки дар омӯзиш, ҳифз ва муаррифии чунин арзишҳои миллӣ саҳми фаъол гузорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ, бахши фарҳанги Донишгоҳ ва ҳунармандони даъватшуда бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилчасп ва барномаи фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, ба ҷашн шукӯҳи хос бахшиданд.

📅 Санаи нашр: 12.05.2026
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026