БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА МУАММОҲОИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ДАР РАВАНДИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ
27 январи соли 2026 дар заминаи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмии Муассисаи давлатии “Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” - и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, таҳти унвони «Истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва муаммоҳои рушди сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари илмию назариявии ҷумҳуривӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии илмӣ як қатор намояндагон аз муассиса ва ниҳодҳои гуногуни илмию давлатии кишвар, намояндагони раёсати донишгоҳ ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ҳамоишро Директори Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳ муҳтарам Ҳошимзода Раъно Ҳошим ифтитоҳ намуда, дар робита ба муҳтавои ин чорабинӣ қайд кард, ки масъалаи истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва муаммоҳои рушди сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи мубрам аст.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия муҳтарам Зоирзода Исломбек дар заминаи нутқи хеш қайд кард, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар шароити Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими мусоидаткунанда ба рушди сайёҳӣ ба шумор меравад.
Дар ҷараёни ҳамоиши илмӣ ҳамчунин Идибек Бобоев, корманди бахши омор, ҷалби сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвиз Хоҷаев - доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири шуъбаи таҳқиқоти соҳибкории ИИТСС, Амриддин Самиев - мудири кафедраи методикаи таълими география ва сайёҳии ДДОТ ба номи С. Айнӣ, Латифзода Ҳақдод Миркамолович, корманди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исуфов Манучеҳр Файзович, сармутахассиси Раёсати амнияти иттилотии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба мавзуи ҳамоиши зикршуда маърузаҳои хешро манзури иштирокдорон намуданд.
Аз ҷумла қайд карданд, ки дар шароити муосири рушди технологӣ, иқтисодӣ ва хусусан зеҳни сунъӣ истифодаи технологияҳои рақамӣ дар тамоми соҳаҳои ҷомеаи кишвар баръало ба чашм мерасад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки воқеан ҳам бидуни руй овардан ба дастовардҳои технологӣ пеш бурдани соҳаҳо ғайримикон аст.
Сайёҳӣ низ дар радифи соҳаҳое қарор дорад, ки амали хизматрасониҳои он, истифода аз технологияҳои рақамиро тақозо менамояд. Аллакай дар таркиби хизматрасониҳои сайёҳӣ, ба мисли дастрасии чиптаҳои ҳавопаймоӣ, хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ ва дигар шаклҳои ҷойгирнамоӣ, иҷораи автомобилҳо, дастрасии бастаи сайёҳии ширкатҳои сайёҳӣ, фармоиш дар тарабхонаҳо ва ғайра тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ сурат мегирад.
Инчунин, қайд гардид, ки вобаста ба дастовардҳои ҷараёни рақамикунонӣ, хизматрасонии сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар раванди рушд қарор дорад. Вобаста ба вижагиҳои хоси кишвар, ҷараёни рақамикунонии хизматрасонии сайёҳии Тоҷикистон хусусиятҳои хоси худро дорад. Дар шароити муосири иқтисодӣ бидуни руй овардан ба рақамикунонӣ, пешрафти соҳаи сайёҳӣ мушкил аст. Аз ин хотир, дар таъмини пешрафти соҳа истифодаи технологияҳои рақамӣ яке аз омилҳои муҳим дар таъмини рушди босубот ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар миқёси байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарин ин тағйирёбии ҳолати экологии сайёра мебошад, ки ба тамоми соҳаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ таъсири назарррас дорад. Аз ин хотир, он ҳудудҳое, ки нисбатан аз ин гуна таъсиррасонии антропогенӣ ва вайроншавии ҳолати экологӣ барканор мондаанд, дорои ҳудудҳои мусоиди экологӣ мебошанд. Ин ҳолат боис мегардад, ки дар ин гуна кишварҳо сайёҳии экологӣ рушд ёбад.
Қайд гардид, ки имрӯз бо мақсади ҳифзу нигоҳдошти ҳолати экологии кишвар, дар саросари Тоҷикистон ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда ташкил гардидаанд. Ин гуна ҳудудҳо дар баробари ҳифзи биогуногунрангӣ, инчунин дар рушди сайёҳии экологӣ низ мусоидат менамоянд.
Дар фарҷоми ҳамоиш якчанд иштирокдорон дар раванди музокирот аз баргузории чунин як ҳамоиши илмии қобили таваҷҷуҳ қаноатмандии хешро изҳор карданд.