ДОНИШГОҲ ДАР МАСИРИ РУШД: НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025
27 декабри соли 2025 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи васеи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2025 мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифтанд.
Дар кори ҷаласа сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои гуногуни сохторӣ, роҳбарони донишкадаҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Левакант, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ, коллеҷу литсейҳо, инчунин ҳайати васеи омӯзгорону муҳаққиқон иштирок намуданд.
Профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ дар самтҳои таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва рушду татбиқи барномаҳои стратегӣ дар соли 2025 ёдовар гардид. Зимни суханронӣ зикр шуд, ки соли 2025 барои коллективи меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо рӯйдоди муҳиме алоқаманд аст, ки саҳифаи нави рушди муассисаро боз менамояд.
Ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ ва суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ҳамчун нишонаи равшани таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти олии давлат ба рушди илму маориф арзёбӣ мегардад.
Дарки амиқи ҳидоятҳои созанда ва хирадмандонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ, воҳидҳои сохтории Донишгоҳро водор месозанд, ки маҷмӯи тадбирҳои муҳим ва муассири ташкиливу амалиро роҳандозӣ намуда, фаъолияти муассисаро дар ҳамаи самтҳои афзалиятнок ва тибқи низоми бисёрзинагии таҳсилот боз ҳам таҳким бахшанд.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҳамчунин бо ифтихор аз рӯйдоди муҳими навбатии соли 2025 - қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», ки он 27 сентябри соли 2025, №483 дар раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди баррасии ҳамҷониба қарор гирифта, санади дахлдори қонунгузорӣ қабул шуд, ёдовар шуд. Қонуни мазкур санаи 17 декабри соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат имзо гардид.
Иброз гардид, ки соли 2025 таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти Донишгоҳ ба густариши равандҳои ҳамгироӣ ба низоми байналмилалии таҳсилот, таҳкими корҳои илмию тадқиқотӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва савияи касбии ҳайати омӯзгорон ва иштироки фаъоли роҳбарият ва намояндагони донишгоҳ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ зоҳир карда шуд.
Ректори Донишгоҳ иброз намуд, ки таъмини рушди устувор яке аз афзалиятҳои стратегии байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи иҷрои саривақтӣ ва ҳадафмандонаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Донишгоҳ бо иштироки фаъол дар рейтинги ҷаҳонии “Донишгоҳҳои сабз” ба қатори донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон шомил гардида, дар кишвар мавқеи аввалро соҳиб шуд.
Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ дар партави татбиқи муқаррароти Стратегияи рушди донишгоҳ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд, Донишгоҳ нуфуз ва мавқеи худро дар фазои таҳсилоти миллӣ ва ҷаҳонӣ тақвият бахшид.
Таъкид гардид, ки имрӯз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун як муассисаи таҳсилоти олии бисёрзинагӣ ва бисёрсоҳа мавқеи устувор дар фазои таҳсилотии кишвар ва арсаи байналмилалӣ касб намудааст.
Дар ин замина, бо мақсади татбиқи амалӣ ва пайгиронаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ (16 декабри соли 2025) ба сатҳи таълиму тарбия, рушди захираҳои инсонӣ ва воридсозии технологияҳои муосир диққати ҷиддӣ дода буданд, роҳбарияти донишгоҳ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намудааст.
Аз ҷумла, дар самтҳои таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорӣ, табодули илмӣ ва бастани созишномаҳои нав бо муассисаҳои хориҷӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Мавқеи донишгоҳ дар бозори таҳсилотӣ баландтар гардида, дастовардҳои илмӣ ва академии омӯзгорону донишҷӯён вусъат ёфта истодаанд.
Умуман, фаъолияти сохторҳои донишгоҳ дар соли 2025 аз ҷониби аъзои Шӯрои олимон мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор гирифта, натиҷаҳо қаноатбахш арзёбӣ шуданд. Таъкид гардид, ки таҳкими низоми таълим, рушди нерӯи илмӣ-тадқиқотӣ, тарбияи мутахассисони рақобатпазир ва пайгирии пайвастаи сифат дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор гирифта буд.
Зимни ҷаласа, барои дастовардҳои назаррас ва гузоштани саҳми муносибу арзанда дар муаррифии шоистаи Донишгоҳ дар минтақа ва ҷаҳон, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи маориф як қатор омӯзгорону муҳаққиқони Донишгоҳ бо Сипосномаи Донишгоҳ ва кӯмакҳои яқвақтаина ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар интиҳои ҷаласа, ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар назди ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон баҳри боз ҳам таҳким бахшидани самтҳои фаъолияти Донишгоҳ дар соли 2026 як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Вобаста ба ин, Шӯрои олимони Донишгоҳ қарорҳои дахлдор қабул намуд.