Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

ХУШХАБАР!

ХУШХАБАР! Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ сарфароз гардид
Бо камоли ифтихор ва қаноатмандӣ иттилоъ медиҳем, ки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ барои дастовардҳои назаррас дар самти рушди сайёҳии байналмилалӣ сарфароз гардонида шуд.
Ин қадршиносии шоистаи хизматҳои арзишманд ва фаъолияти пурсамари профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар таҳкими нуфузи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ҷорӣ намудани равишҳои муосири таълимӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳа ба шумор меравад.
Қобили зикри хос аст, ки зери роҳбарии профессор Асрорзода Убайдулло Саттор Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба яке аз марказҳои пешсафи тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири соҳаи сайёҳӣ ва хизматрасонӣ табдил ёфта, дар пешбурди бренди миллии сайёҳӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.
Раёсат, устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ ин дастоварди баландро самимона табрик намуда, ба профессор Асрорзода Убайдулло Саттор саломатии бардавом, комёбиҳои нав ва муваффақиятҳои рӯзафзунро дар роҳи хизмат ба Ватан ва рушди соҳаи сайёҳии кишвар орзу менамоянд.

📅 Санаи нашр: 05.01.2026
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 31.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 05.01.2026 📅 29.11.2025 📅 21.11.2025 📅 07.11.2025 📅 07.11.2025 📅 30.10.2025 📅 23.10.2025