Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ХАБАРҲО:

ХАБАР

Хабар

РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Санаи 30.10.2025 бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ, гуруҳи кории олимон аз Донишгоҳи илмҳои амалии Анхалти Олмон (муовини Президенти Донишгоҳи илмҳои амалии Анхалти Олмон оид ба масъалаҳои илм ва инноватсия - профессор Маркус Холс, профессор Корнелия Скотт - муовини декани факултети иқтисодӣ, директори барномаи магистрии МБА “Идоракунии корпоративӣ ва молия” (Олмон), профессор Татяьна Никитина - директори Маркази байналмилалии таҳқиқоти бозорҳои молиявии Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт - Петербург (Россия)), ки ба Донишгоҳ санаи 29.10.2025 ташриф оварда буданд, таҳти роҳбарии д.и.и., профессор Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – директори институти имлию таҳқиқотии сайҳию соҳибкории ДБССТ ба Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди ДБССТ сафарбар карда шуданд.
Дар Донишкада, баъди ба имзо расидани шартномаи ҳамкориҳои дуҷониба байни Ректор меҳмонон ҳамоиши илмию амалӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва “Мастер-класс” бо роҳбарони сохторҳо ва донишҷӯёни донандаи забонҳои англисиву олмонӣ доир гардид.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба баҳри баланд бардоштани сатҳи забономӯзии донишҷӯён ва талқин намудани таҷрибаи пешқадами олимони соҳаи сайёҳӣ ва менеҷмент баҳри рушд ва пешрафти технологияи навин ва татбиқи низоми дуалӣ мебошад.
Сароғоз ректори Донишкада, д.и.т., профессор Саидзода М.М. дар бораи сохтори донишкада, ҳайати устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму таълим баромад намуда, меҳмононро ба ин кошонаи илму маърифат хайрамақдам гуфта, барои ҳамкориҳои дуҷониба онҳоро даъват намуд.
Баъдан, профессор Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ дар бораи "Усулҳои муосири таҳқиқоти иқтидорҳои сайёҳии рекреатсионӣ ва роҳҳои таъмини рушди устувори он дар рушди иқтисоди миллӣ" маърузаи илмӣ намуданд.
Профессор Маркус Холс дар бораи сайёҳӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он дар ҷаҳони иқтисодиёт маърузаи илмӣ намуд. Диққати олимони хориҷиро табиату соҳаи сайёҳии Тоҷикистони биҳиштосо бисёр писанд омад ва инро дар баромадҳои худ изҳор намуданд.
Профессор Корнелия Скотт дар бораи бизнеси соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он маърӯзаи илмӣ намуда, иштирокчиёнро бо нозукиҳои ин соҳа ва пешбурди он шинос намуданд.
Профессор Татьяна Никитина низ дар бораи минтақаҳои сайёҳӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба минбаъд байни ин давлатҳо изҳори андеша намуда, дар бораи системаи фаъолияти худ оид ба соҳаи сайёҳӣ фикрҳои ҷолиб баён намуд. Ҳамоиши илмию амалӣ бо иштироки меҳмонону устодон ва донишҷӯён дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Ҳамзамон баъди ҳамомиши илмию амалӣ, аз ҷониби меҳмонон мастер-класс бо роҳбарият ва донишҷӯён баргузор гардида, шароитҳои таҳсил, табодули академии донишҷӯёну устодон ва кормандон баррасӣ гардида, наздикӣ 10 нафар донишҷӯён барои табодул ва барномаҳои дудиплома аз ҳисоби барномаҳои грантии Ерасмус+ ба Донишгоҳи илмҳои амалии Анхалт даъват карда шуд.

📅 Санаи нашр: 07.11.2025
⬅ Бозгашт ба хабарҳо

ХАБАРҲО:

📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026 📅 12.05.2026