РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Санаи 31 октябри соли 2025, бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ, дар Муассисаи давлатии «Донишкадаи байналмилалии Левакант»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гуруҳи кории шарикони байналмилалӣ (профессор Маркус Холз, ноиби президент оид ба таҳқиқот ва рушди устувори Донишгоҳи илмҳои амалии Анҳалт (Ҷумҳурии Федеративии Олмон); хонум Корнелиа Скотт, муовини декан оид ба таълим дар факултети иқтисодии ҳамон донишгоҳ; профессор Татяна Никитина, намояндаи Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия), таҳти роҳбарии
профессор Иброҳимзода Илҳомиддин, директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ки ба Донишгоҳ санаи 29.10.2025 ташриф оварда буданд, сафарбар карда шуданд.
Дар Донишкада сараввал меҳмонон ба Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дидан намуда, таасуроти баланд бардоштанд. Сипас аз намоишгоҳи дастовардҳои устодону донишҷӯёни Донишнада дидан намуда, бо раванди таълим шинос гардида, шартномаҳои ҳамкорӣ байни ректори Донишкада ва меҳмонон ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон дар конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони
«Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Федератсияи Россия дар қаринаи таҳкими муколамаи байнидонишгоҳӣ» ширкат варзида, маърӯза намуданд аз ҷумла: бо сухани ифтитоҳӣ - ректори Донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Саидзода Саидмаҳмуд Сайдаҳмад; бо маърӯза дар самти "Ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ ва таъсиси маркази омӯзиши забони олмонӣ дар Донишкада ва таъсиси омӯзиши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Анхалт" - профессор Маркус Холз, ноиби президент оид ба таҳқиқот ва рушди устувори Донишгоҳи илмҳои амалии Анҳалт (Ҷумҳурии Федеративии Олмон); бо маърӯза дар самти "Табодули академии донишҷӯён ва табодули таҷрибаи устодон" - хонум Корнелиа Скотт, муовини декан оид ба таълим дар факултети иқтисодии ҳамон донишгоҳ; бо маърӯза оид ба "Ҳамкориҳои дар самти татбиқи барномаи Фонди Гумболт" - профессор Татяна Никитина, намояндаи Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ва бо маърӯза оид ба "Таъмини рушди усутвори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон" - профессор Иброҳимзода Илҳомиддин, директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Дар охир бо донишҷӯёни донандагони забонҳои олмонӣ ва англисӣ ва сардорони сохторҳои Донишкада, мастер-класс гузаронида шуда, зиёда аз 10 нафар донишҷӯёну магистрантон барои табодул ва барномаи дудиплома ба Олмон тавассути барномаи Ерасмус+ даъват гардиданд.