Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ
КОНФРОНСИ II-ЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ
Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори маҷмуии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон
13 октябри соли 2023, шаҳри Душанбе (Тоҷикистон)
Мактуби иттилоотӣ – даъватномаи
конфронси II-юми байналмилалии илмию амалӣ
дар мавзӯи: Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори маҷмуии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе - 2025
Мӯҳтарам ________________________________________________
Шуморо ба конфронси байналмилалии илмию-амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори маҷмуии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон», ки 13 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати рӯзи соҳибкорон баргузор мегардад, даъват мекунем.
Ҳадаф аз баргузории конфронс табодули натиҷаҳо ва андешаҳои илмӣ ва ошноӣ бо таҷрибаи кишварҳои пешрафта бо мақсади таҳияи стратегияи таъмини рушди устувори маҷмуии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, муайян намудани роҳҳои афзоиши сармоягузорӣ, таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни соҳибкорони кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Конфронс ба минбари баррасии масъалаҳои мубрами рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва ширкати шарикони стратегӣ дар рушди иқтисоди кишвар табдил хоҳад ёфт.
Самтҳои асосии конфронс:
- Соҳибкорӣ ҳамчун омили рушди устувори иқтисодӣ;
- Хусусиятҳои вазъи кунунӣ ва тамоюлҳои рушди соҳибкорӣ;
- Омилҳои таъмини рушди устувори соҳибкорӣ;
- Назария ва методологияи таъмини рақобатпазирии сохторҳои соҳибкорӣ;
- Танзими давлатии рушди соҳибкорӣ дар шароити рақамисозӣ;
- Рушди соҳибкорӣ бо назардошти индустрикунонии босуръати кишвар;
- Нақши соҳибкорӣ дар рушди иқтисоди сабз: мушкилот, пешбурд;
- Сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар бахшҳои истеҳсолӣ ва иҷтимоии иқтисодиёт;
- Такмили идоракунии равандҳои бизнеси маҳаллӣ дар шароити рақамисозӣ;
- Хусусиятҳои танзими давлатии соҳибкорӣ дар деҳот;
- Такмили механизмҳои бозорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт;
- Хусусиятҳои рушди соҳибкории хурду миёна дар шаҳру ноҳияҳо;
- Нақши соҳибкорӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами рушди туризми минтақавӣ;
- Проблемаҳои соҳавии рушди соҳибкорӣ;
- Проблемаҳои сармоягузорӣ ва инноватсионии таъминоти соҳибкорӣ;
- Нақши ташкилотҳои молиявию қарзӣ дар рушди соҳибкорӣ;
- Аҳамияти омили инсонӣ дар баланд бардоштани самаранокии соҳибкории хурду миёна;
- Ташаккул ва рушди инфрасохтори соҳибкорӣ;
- Баланд бардоштани нақши соҳибкорӣ дар беҳбуди вазъи экологӣ;
- Фаъолияти иқтисодии хориҷии сохторҳои соҳибкорӣ;
- Омилҳои институтсионалии рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон;
- Дар бораи таҷрибаи пешқадам дар ташкили инфрасохтори соҳибкорӣ дар минтақаҳо;
- Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ ва дигар лоиҳаҳои тиҷоратӣ дар Тоҷикистон;
- Роҳҳои татбиқи таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ дар такмили равандҳои соҳибкорӣ.
Барои иштирок дар конфронс олимон, ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна, докторантҳо, мутахассисони вазорату идораҳои соҳаи соҳибкорӣ, соҳибкорон, ташкилотҳои хориҷии муқими кишвар ва хориҷ даъват шудаанд.
ШАРТҲОИ ИШТИРОК ДАР КОНФРОНС
✓ Иштирок дар конфронс ройгон аст;
✓ Шакли иштирок дар конфронс – гибрид (онлайн, офлайн);
✓ Ҳолати конфронс – сухангӯ, шунаванда;
✓ Забони кории конференсия – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
ТАШКИЛКУНАНДАГОНИ КОНФРОНС:
Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ
Талабот нисбати маърўзаҳои барои чоп пешниҳодшаванда
Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгўй бошанд:
- саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3 см, аз тарафи рост1,5 см, боло ва поён2 см;
- ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи - 14;
- сатри якум - номи маърўза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри дуюм - насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- сатри сеюм - номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;
- матни маърўза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байнисатрӣ - 1, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа. Истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;
- ҳаҷми матни маърўза набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад (Формулаҳо бояд дар таҳриргари «Формула» сохта шаванд);
- ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с.25; 5, с.33-36] омода карда шавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рўйхати адабиёт ва рақами дуввум саҳифаи он мебошад;
- рўйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «Адабиёт» оварда шуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;
Дар охири макола таклифу тавсияхои махсуси илмй-назариявй ва амалй додан лозим аст.
Матни мақола дар 1 нусха дар коғаз ва дар шакли электронӣ дар формати RTF пешниҳод карда шудааст.
Дар мақола бояд масъалаҳои назариявии марбут ба мавзӯъ ва ҳалли амалии онҳо инъикос карда шаванд.
МАВОДҲОИ КОНФРОНСИИ ИНДЕКСШАВАНДА
Ҳар як мақолаи ба конфронс қабулшуда дар базаҳои байналмилалии Index Copernicus of Polsha, Zenodo ва Open Aire of Europe, Cyberleninka-и Русия, ҷойгир карда шуда, дар системаи байналмилалии ҷустуҷӯии Google Scholar индексатсия карда мешаванд. Ба ҳар як мақола рақами инфиродии DOI дода мешавад.
Ба иштирокчиёни конфронс нусхаи электронии сертификат, шаҳодатномаи индексатсия ва версияи pdf-и мақолаи индексатсияшуда дода мешавад. Мақолаҳои конфронс ба таври электронӣ нашр мешаванд.
ТАРТИБИ СУПУРДАНИ МАВОДҲОИ КОНФРОНС
Барои иштирок дар конфронс марҳилаи сабти ном то 10 октябри соли 2025 тавассути вебсайти www: www.iutet.tj. сурат мегирад. Маводҳо барои чоп то 11 октябри соли 2025 тавассути профили телеграмми Расулов Ғафур қабул карда мешаванд.
Тел: 93-419-18-81, е-mail: rasulov53@mail.ru, Тел. 93-860-75-03, е-mail: hojaev123p@mail.ru.
Талаботҳои таҳияи мақолаҳо дар замимаи 2 оварда шудааст.
Эзоҳ: Дар мақола бояд самти кори конференция дақиқ нишон дода шавад.
Тезис ва асарҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, тавсияҳои илмию амалӣ надоранд ва дер пешниҳод шудаанд, ба маводи конференсия дохил карда намешаванд ва баргардонида намешаванд. Хароҷоти нақлиёт ва манзил аз ҳисоби иштирокчиёни конфронс ваё тарафи фиристонанда пардохт карда мешавад.
Барои тамос: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳ. Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5, +992 918 814240, 93-419-18-81, 93-860-75-03,
Вебсайти расмӣ: www.iutet.tj.
Бо эҳтиром,
Кумитаи тадорукоти конфронс
Замимаи 1
Шакли дархост барои иштирок дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ»
Дар ариза бояд маълумоти зерин пешниход карда шавад:
1. Фамилия, ном, номи падар
2. Кишвар, шаҳр
3. Дарачаи илмй, унвон
4. Ҷойи кор/таҳсил, вазифа
5. Суроғаи почта (бо индекс), почтаи электронӣ, рақами телефони тамос
6. ORCID
7. Сарлавҳаи маъруза ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
8. Реферат бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ
9. Формати иштирок (офлайн, онлайн)
Замимаи 2
Намунаи таҳияи мақола
ОМИЛҲОИ ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ СОҲИБКОРӢ
ЁроВ Ҷ.Н.
Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент,
Маркази тадқиқотҳом стратегии
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
ва соҳибкории Тоҷикистон,
Душанбе, Тоҷикистон
erov1976@vail.ru
Аннотатсия. Матн....
Калидвожаҳо матн.....
ФАКТОРЫ, ОБЕСПЕЧИВАЮЩИЕ УСТОЙЧИВОЕ РАЗВИТИЕ ПРЕДПРИНИМАТЕЛЬСТВА
Ёров Ю.Н.
Кандидат экономических наук, доцент,
Центр стратегических исследований
Международный университет туризма
и бизнеса Таджикистана,
Душанбе, Таджикистан
erov1976@vail.ru
Аннотация. Текст...
Ключевые слова текст.....
FACTORS ENSURING SUSTAINABLE DEVELOPMENT OF ENTREPRENEURSHIP
Yorov Yu.N.
Candidate of Economic Sciences, Associate Professor,
Center for Strategic Research
International University of Tourism
and Business of Tajikistan,
Dushanbe, Tajikistan
erov1976@vail.ru
Abstract. Text...
Keywords text.....
References:
1. Tabarov A.R. Rushdi sohibkori dar sharoiti muosir: monograph// Dushanbe. – Irfon, 2020. – 219 p.
|
📅 09.02.2026
БАРРАСИИ МАСОИЛИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА МУАММОҲОИ РУШДИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ДАР РАВАНДИ ҲАМОИШИ ИЛМӢХондан |