Ҷумҳурии Тоҷикистон

734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5

+992(37) 234-88-02

riteiutet@gmail.com

ЭЪЛОНҲО:
icon

ЭЪЛОН

Эълон

ЭЪЛОН!!!

ЭЪЛОН!!!
Маъмурияти Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ ба диққати устодон ва кормандони илмии донишгоҳ мерасонад, ки мақолоти илмии худро ба ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмии институт – “Маърифати сайёҳӣ” ва “Масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ”пешниҳод кунанд. Дар ин зимн хотиррасон бояд намуд, ки мақолаҳое барои нашр тавсия мешаванд, ки натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалии соҳаҳои иқтисоду молия, ҳуқуқ ва фанҳои гуманитариро дар бар мегиранд. Маводе, ки дар нашрияҳои дигар ба табъ расидаанд ва ё дар арафаи чопанд, қабул карда намешаванд. Мақолаҳои пешниҳодшаванда бояд ба талаботи зерин мутобиқ бошанд:
1. Ҳаҷми мақола якҷоя бо расм, нақша, рӯйхати адабиёт ва матни аннотатсия ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд аз 10 саҳифаи компютерӣ кам набошад.
2. Мақолаҳо дар шакли электронӣ ва дар шакли чопӣ (1 нусха) пешниҳод карда шаванд.
3. Мақолаҳо ба забони русӣ пас аз тасдиқи барномаи «Антиплагиат» бо пешниҳоди маълумотнома қабул карда мешаванд.
4. Мақолаҳо дар системаи Miсrosoft Word бо чунин тарз пешниҳод шуда, ҳамаи саҳифаҳо рақамгузорӣ карда мешаванд: мақолаҳои тоҷикӣ бо гарнитураи Times New Roman Tj, андозаи ҳуруфи матни асосӣ – 14, рӯйхати адабиёт – 12, фосилаи байни сатрҳо – 1 см, сархат аз гӯшаи чапи варақ бо андозаи – 1,25 см, фосилаҳо аз боло – 3 см, аз поён – 2,5 см, аз чап – 3 см, аз рост – 2 см.
5. Дар саҳифаи аввали мақола ТУД (таснифи универсалии даҳӣ), номи мақола, ному насаб ва маълумот дар бораи муаллиф (муаллифон) ва ташкилот ё муассиса, аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон нишон дода мешаванд.
6. Мақола бо аннотатсия ва калидвожаҳо бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (курсив, андозаи 12) оғоз гардида, бояд муҳтавои асосии мақоларо амиқ дар бар гирад ва дар шакли алоҳида ба нашр мувофиқ бошад (на камтар аз 10 сатр).
Калидвожаҳо тасвири мухтасари мундариҷаи маводи илмӣ буда, дар бораи мавзуъ ва сохтори он маълумоти умумӣ медиҳанд ва аз 8 то 10 калима ва ё ифодаро дар бар гирифта, бо вергул ҷудо карда мешаванд.
7. Маълумот дар бораи муаллиф (бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) бояд инҳоро дар бар гирад: ному насаби пурраи муаллиф (он), дараҷаи илмӣ, вазифа, ҷойи кор, суроға, телефон ва Е-mail (шрифти курсив 12)
8. Иқтибосҳо дар дохили қавсҳои чоркунҷа, ба мисли [1, с. 24] нишон дода мешаванд. Рӯйхати адабиёт (ҳадди ақал 8 - 10 номгӯй) дар охири мақола бо нишон додани ҳаҷми умумии саҳифаҳои сарчашма аз рӯи ҳуруфи алифбо бо зерсарлавҳаи «Адабиёт» (Литература) оварда мешавад. Адабиёти истифодашуда қатъиян бо риояи тамоми меъёр ва қоидаҳои тартиби библиографӣ таҳия мегардад.
9. Ҷадвал, расм, диаграммаҳои дар мақола истифодашуда бояд қатъиян аз рӯи талаботи муқарраргардида нишон дода шуда, рақам ва номгузорӣ карда шаванд.
10. Мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда баъд аз хулосаи ҳайати таҳририя ва тақризи мусбат барои имкони чопи мақола дошта бошанд.
11. Матни мақола бояд саҳеҳу мукаммал ва дар шакли ниҳоӣ пешниҳод гардад.
12. Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки мақолаҳои илмиро ихтисор ва таҳрир намояд.
13. Мақолаҳое, ки ба талаботи мазкур ҷавобгӯ нестанд, қабул карда намешаванд.
Маъмурияти Институти илмӣ-таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ

📅 Санаи нашр: 23.09.2025
⬅ Бозгашт ба Эълонҳо