Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар як давлат ба шумор меравад. Он боиси коҳиши эътимоди мардум ба сохторҳои давлатӣ, заиф шудани низоми адолат ва манфиатҳои умумӣ мегардад.
Мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванд аст. Пешгирии амалҳои коррупсионӣ танҳо тавассути тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти идорӣ муяссар мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар чандин суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки «мубориза бар зидди коррупсия бояд ҷузъи таркибии сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони мақомоти давлатӣ бошад».
Аз ин рӯ, мо бояд бо иродаи қавӣ, масъулияти баланд ва ҳамкории самаранок ба муқобили ин падидаи номатлуб истем, то ки ҷомеаи мо рӯ ба адолат, шаффофият ва рушди воқеӣ орад.